Дар ин бора нашрияи "Ведомостӣ" хабар медиҳад. Ин расона ба санади ҷаласаи ИИАО даст ёфтааст.
Ҳукуматҳои Қазоқистон, Белорус ва Қирғизистон бар ин назаранд, ки қонуни нави Русия монеи фаъолияти бозори дохилии иттиҳод мешавад. Маркази матбуотии Иттиҳоди иқтисодӣ хабар дод, ки эродҳои аъзои иттиҳод баррасӣ мешавад.
Қонун дар бораи бознасби нармафзорҳои русӣ аз сӯи Думаи давлатии Русия моҳи ноябр қабул ва моҳи декабр аз сӯи президенти он кишвар имзо шуд. Қонуни мазкур аз тобистони соли оянда ба иҷро медарояд.
Нашрияи The Bell менависад, тарҳи қонунеро, ки дастгоҳи президенти Русия ҷонибдорӣ кард, ғайрирасмӣ "қонуни зидди Apple" меноманд. Як мансабдор, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, маҳдудиятҳо маҳз зидди ин ширкат равона шудааст.