Ссылки доступа

Ӯзбекистон ифтитоҳи гузаргоҳи 18-уми марзиро бо Тоҷикистон баррасӣ дорад


Тошканд бо дархости ҷониби Душанбе масъалаи боз кардани як гузаргоҳи дигарро дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ дорад. Дар ин бора муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Илҳом Нематов ба РИА Новости иттилоъ додааст.

"Се соли пеш ҳамаи дарҳо миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон баста буданд. Бо шарофати созишномаи дуҷониба мо 16 гузаргоҳи марзиро боз кардем, ки ҳоло шабонарӯз фаъолият доранд. Гузаргоҳи 17-ум чанде пеш боз шуд ва ҳоло ифтитоҳи гузаргоҳи 18-ум бо дархости ҷониби Тоҷикистон баррасӣ мешавад", - изҳор доштааст Нематов.

Дипломати баландпояи Ӯзбекистон гуфтааст, ки ин гузаргоҳ дар минтақаи "Баландчақир"-и вилояти Ҷиззахи кишвараш ҷойгир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG