Ссылки доступа

Ӯзбекистон минаҳои коридаашро дар марз бо Тоҷикистон барчидааст


Мақомоти Ӯзбекистон марз бо Тоҷикистонро аз минаҳо пок кардаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 3-юми январ бо такя ба як манбааш дар бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Манбаъ гуфтааст, Ӯзбекистон кумаки мутахассисони тоҷикро напазируфт ва бо нирӯву воситаҳояш марзро аз мина тоза кард.

Созиш дар бораи поккории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз минаҳо соли 2018 ба даст омада буд.

Ӯзбекистон охири солҳои 1990-ум бо нигаронӣ аз хавфи гузаштани ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон марз бо Тоҷикистонро минакорӣ карда буд. Вале мақомот мегӯянд, беш аз 80 нафаре, ки аз мина кушта шуданд, афроди мулкӣ ва сокинони маҳаллӣ буданд.

XS
SM
MD
LG