Ссылки доступа

Дар Туркманистон бар ивази "чойпулӣ" ба фурӯши маҳсулоти куҳна иҷозат медиҳанд


Дар шаҳри Марии Туркманистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба фурӯшгоҳҳо рафта, муҳлати истифодаи маҳсулотро санҷиш доранд.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ соҳибони фурӯшгоҳҳоро таҳдид мекунанд, ки маҳсулоти муҳлаташ сипаришударо мусодира мекунанд. Вале моликони фурӯшгоҳҳо дар ивази 2 ҳазор манат ҳаққи фурӯши дубораи чунин маҳсулотро "дарёфт мекунанд".

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, соҳибони фурӯшгоҳҳо эътироф мекунанд, ки муҳлати истифодаи як қисми маҳсулоти онҳо сипарӣ шудааст. "Агар онҳоро мусодира кунанд, дар фурӯшгоҳҳо танҳо нон мемонад", - изҳор дошт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз соҳибони фурӯшгоҳҳое, ки маҳсулоти куҳна мефурӯшанд, 2-ҳазорманатӣ талаб мекунанд (бо қурби расмӣ $570).

Бархе аз соҳибони фурӯшгоҳҳо гуфтанд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳатто розӣ ҳастанд, ки "ҳаққашон" давоми ду ҳафта қисм-қисм пардохт шавад.

XS
SM
MD
LG