Ссылки доступа

Истихроҷи тило дар Қумтори Қирғизистон аз як моҳ ба ин сӯ қатъ шудааст


Дар кони тилои Қумтори Қирғизистон сар аз 1 декабр - аз замони лағзиши замин ва бенишон шудани кормандони ширкат - истихроҷи тило қатъ шудааст. Марина Гаврилова, сухангӯи Қумтор хабар дод, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки истихроҷи тило кай аз сар гирифта хоҳад шуд.

"Ҳоло иҷозаи фаъолиятро надорем, ҳамаи корҳо қатъ шудааст", - гуфт Гаврилова.

Субҳи 1 декабр ду коргари кони тилои "Қумтор Голд Компанӣ" баъди он нопадид шуданд, ки дар яке аз қитъаҳои кон лағзиши теппа рух дод.

Дар ҳоли ҳозир дар кони тилои Қумтор 3700 кас кор мекунад. Қисме аз инҳо бо ширкат шартномаи тӯлонимуддат доранд ва қисми дигар ба таври муваққат кор мекунанд.

Қумтор бузургтарин коргоҳи Қирғизистон аст. Қариб 10% ҳаҷми ММД-и Қирғизистон аз Қумтор мерӯяд.

Ба иттилои ширкат, Қирғизистон то кунун аз ин кон 3 миллиарду 427 ҳазор доллар даромад гирифтааст.

XS
SM
MD
LG