Ссылки доступа

Марги ҳафт тан тирпарронии назди канисаи яҳудиён дар шаҳри Вена


Дар шаҳри Венаи Австрия афроди номаълуме назди канисаи яҳудиён тирпарронӣ карданд. Ҳафт тан кушта, чаҳор тани дигар, аз ҷумла як пулис ҷароҳати вазнин бардоштааст, хабар медиҳанд расонаҳо.

Шоҳидон дар бораи садо додани ҳадди ақал 50 тир хабар медиҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Австрия тирпарронӣ дар назди канисаро теракт унвон кард.

Яке аз ҳамлагарон кушта, як тани дигар пинҳон шудааст. Мақомоти пулис онро меҷӯянд.

Пулиси Вена аз "амалиёти бузург" дар маркази шаҳр хабар дод.

Мақомот аз сокинони Вена хостанд, ки муваққатан аз манзилҳояшон берун нараванд ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода накунанд.

XS
SM
MD
LG