Ссылки доступа

Як зодаи Тоҷикистон дар додгоҳи Страсбург ба Русия пирӯз шуд


Бахтиер Усмонов

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, воқеъ дар Страсбурги Фаронса, аз Русия тақозо кардааст, ки шаҳрвандии Бахтиёр Усмонов, як зодаи Тоҷикистонро барқарор кунад ва барояш 11 ҳазор евро ҷуброн пардозад. 

Дар ҳоле ки ҳукумати Русия вокуниш накардааст, Бахтиёр Усмонов ва вакили мудофеаш аз қарор истиқбол карданд. Русия як узви Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аст ва вазифадор аст, қарорҳои онро иҷро кунад.

Додгоҳи Страсбург рӯзи 22-юми декабр хулосаи худро дар бораи таҳқиқу муҳокимаҳои парвандаи Усмонов эълон кард. Бино бар он, Русия барои бекор кардани шаҳрвандии Усмонови 43-сола аз Тоҷикистон "хато кард" ва ҳоло дубора шаҳрвандии русии ӯро барқарор кунад.

Дар шарҳи қарори додгоҳ гуфта мешавад, “ҳукумати Русия барои он ки ин шахс номи бародару хоҳарашро дар санадҳо зикр накардааст, шаҳрвандиашро бекор кард. Вале мақомот сангин будани ин амалро собит накарданд ва далели кофӣ пеш наоварданд, чаро ӯ бояд аз ин ҳақ маҳрум шавад.”

Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, Русия барои зараре, ки расондааст, бояд ба Бахтиёр Усмонов 11 ҳазор евро ҷуброн пардозад. Ҳайати ҳафтнафарии додгоҳи Страсбург гуфт, ин мард ба ҳеч қонуншиканӣ роҳ надодааст, “ҳеч хатар барои амнияти миллии ин кишвар надорад” ва бояд ҳуқуқаш барқарор шавад.

Бахтиёр Усмонов аз соли 2007 дар Русия зиндагӣ мекунад. Ҳамсару чаҳор фарзандаш низ шаҳрванди Русия мебошанд. Егор Милников, вакили мудофеи Усмонов, мегӯяд, нафари зери ҳимояташ сездаҳ сол пеш ҳангоми дарёфти шаҳрвандии Русия ариза дода буд ва дар онҷо номи баъзе аз наздиконашро зикр накардааст.

"Ариза мураккаб аст ва аз 20 бахш иборат аст. Дар як бахш талаб мешуд, ки номи хешовандони наздиктарин зикр шавад. Вақте Бахтиёр номи ҳама хешовандонашро ёд кард, корманди Хадамоти муҳоҷират ба ӯ гуфтааст, "ҳамаро гуфтан шарт нест. Номи ҳамсар, падару модар, як бародару хоҳаратонро нависед, кофӣ аст”.

Ба ӯ соли 2008 шаҳрвандии Русияро доданд, вале соли 2018 ба Хадамоти муҳоҷират даъват карда, гуфтанд, ки санадҳояшро ӯро санҷиданд ва фаҳмиданд, ки як бародару хоҳари дигар доштааст ва дар ариза номи онҳо нест.

Дар қарори мақомот кори Усмонов ҳамчун “ба ғафлат андохтани мақомот” ва “зикри иттилои нодуруст” арзёбӣ шуд. Талошҳои ӯ барои дар зинаҳои гуногуни додгоҳӣ, аз ҷумла додгоҳи шаҳри Великий Новгород ва Додгоҳи олии Русия шарҳ додани ин ки кораш на “пинҳон кардани иттилоъ”, балки “нопурра додани иттилоъ” аст, бенатиҷа анҷомид. Ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва пешниҳод карданд, ки дар сафорати Тоҷикистон шиносномаи Тоҷикистонро бигирад, то ҳузураш қонунӣ шавад.

Ба қавли вакили мудофеъ, вақте ӯ бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани ҳаққи иқомати муваққатӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Русия муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, Хадамоти амният ӯро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардааст. Бахтиёр Усмонов бояд дар 5 рӯз кишварро тарк мекард ва дар 35 соли баъдӣ дигар ба ин кишвар ворид намешуд.

Вақте ин талаботро иҷро накард, ӯро боздошт карда, ба маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар деҳаи Новоселитсии ноҳияи Новгород бурданд ва ӯ беш аз 2 сол дар ҳолати боздошт дар ин муассиса ба сар бурд.

Бахтиёр Усмоновро баъд аз ду солу даҳ рӯзи боздошт, 10-уми декабри имсол озод карданд, чун аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар номае расид, ки парванда ба фоидаи ӯ ҳал шудааст.

Великий Новгород дар 600-километрии Маскав ва шимолуғарби Русия ҷойгир буда, маркази маъмурии вилояти Новгород мебошад. Бахтиёр Усмонов рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то замони маҳрум шудан аз шаҳрвандии Русия зиндагии хуб дошт ва сабзавот мекишту мева ҷамъ меовард ва даромади оиларо таъмин мекард.

“Ду сол душвор гузашт. Худованд сабр дод. Касал мешудам, тахминан 30 бор даъво кардам, ки маззаам нест, меъдаам дард мекунад. Бояд ҳар сол дар бемористон хоб мерафтам. Ростӣ, азоб буд. Барои бачаҳоям ҳам азоб буд. Адвокат гуфт, “боздошти ту ғайриқонунӣ буд ва бояд дар хона бо бачаҳоят мебудӣ”.

Усмонов мегӯяд, дар давоми ду сол дар маркази нигаҳдории муваққати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дид, ки аксарашон бо ҳукми ихроҷ ба он ҷо оварда шуда, баъдан ба ватан фиристода мешуданд.

Ин зодаи Тоҷикистон ду ҳафта аст, ки дар озодӣ аст ва умед дорад, даъвои шаҳрвандиашро бомуваффақият анҷом дода, метавонад ба таври одӣ зиндагиашро пеш барад. Вале ҳоло, ки ҳанӯз ҳеч санаде надорад, хоҷагии фермериашро ба номи писари 19-солааш гузаронидааст, то кору тиҷорати онҳо осеби бештар набинад.

Бахтиёр Усмонов аз ҷумлаи он шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар шаҳрванди Русия шуд ва ин кишварро маҳалли зисти доимии худ интихоб кард. Русия, ки бо мушкили кам шудани аҳолӣ ва хатари демографӣ рӯ ба рӯ аст, чанд барномаи соддасозии дарёфти шаҳрвандиро барои сокинони собиқи Шӯравӣ роҳандозӣ кардааст, вале ҳар вақте хост, санади онҳоро бекор мекунад.

Барои мисол, Каромат Шарифов, раиси пешини Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, низ шаҳрвандии Русияро дошт, вале мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарипов "бо тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" аст. Аммо Каромат Шарипов то охир ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи ғаразнок медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар гузашта ҳам даъвоҳоеро ба зидди Русия ва бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Соли 20015 ҳамин додгоҳ давлати Русияро ба пардохти 25 ҳазору 500 евро товон ба шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов муваззаф карда буд, ки бар асоси сохтакориву тӯҳмат 5 солро дар зиндон пуштисар кард.

Аз он пеш Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки дар соли 2003 бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд; Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар соли 2004 аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо гуноҳи узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, ба Русияро пирӯз омаданд.

Вале дар баъзе ҳолатҳо Русия қарори ин додгоҳро нодида мегирад. Соли 2017 Саидмаъруф Саидов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдодашро аз Русия ба Душанбе манъ карда буд, дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда ва дар "зархаридӣ" муттаҳам шуд.

XS
SM
MD
LG