Ссылки доступа

Даҳҳо ҳолати гирифторӣ ба COVID-19. Вале вазорат рад мекунад


Жители Таджикистана в своем большинстве не надевают масок в местах массового скопления людей

Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ ошкор нашудани ягон ҳолати нави сирояти коронавирусро таъкид мекунад, табибон, кормандони озмоишгоҳҳо, расонаҳо ва наздикони беморон аз бозгашти COVID-19 ба кишвар хабар медиҳанд.

Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури дармонгоҳ ё поликлиникаи рақами 13-и шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, 10 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус аз ҳисоби сокинони марбут ба муассисаи тиббии онҳо ба қайд гирифта шудаанд ва бархе аз онҳо дар шароити хона ва дигарҳо дар бемористон муолиҷа мешаванд.

Хабаргузории “Азия-Плюс» рӯзи 12 июн ба нақл аз манбаи худ дар озмоишгоҳ «Диамед» иттилоъ дод, ки 8 июн танҳо дар шаҳри Душанбе 100 гирифтори коронавирус ошкор карда шудаанд. Расона менависад, дар озмоишгоҳҳои дигар низ пайдо шудани беморонро тасдиқ кардаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро беасос хондааст ва ахиран боз ҳам гузориш дод, ки дар кишвар ягон мавриди нави сироят ба қайд гирифта нашудааст.

Чанде аз пизишкон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накарданд, вале нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Яке аз онҳо афзуд, “ин гапи телефонӣ нест”.

Як сокини шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз охирҳои моҳи май аввал падар ва сипас модараш ба COVID-19 гирифтор шуданд.

«Падарам дар як маъракаи ош иштирок карданд, мегӯянд, ки шояд ҳамон ҷо сироят шуданд», гуфт вай, ки аз ифшои ном худдорӣ намуд. Натиҷаи озмоиши модари 62-солааш рӯзи 30-юми май нишон дод, ки ӯ низ сироят дидааст. Аммо масъулини тиббии маҳалла натиҷаи озмоишгоҳро қабул надоранд ва пойфишорӣ мекунанд, ки онҳо ба “ковид сироят нашудаанд” ва “инро санҷиши худи онҳо тасдиқ кардааст”.

Парастори минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки аз ҳоли ин хонавода огоҳ аст, рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ бемор будани онҳоро тасдиқ кард, вале гуфт, “дар ҳолате, ки тести як нафар дар як ҷо мусбат ва дар ҷои дигар манфӣ мебарояд, ин шахсро ҳамчун сироятшуда ба коронавирус сабт намекунанд”. Айни замон, ба гуфтаи ин ҳамшира, дар як кӯчаи назди бунгоҳи тиббии онҳо “дар панҷ хона гирифторони коронавирус” таҳти назорат мебошанд.

Дар як моҳи охир чандин ҳолате пеш омад, ки натиҷаҳои озмоиш аввал мусбат баромаданд ва дертар бо дахолати мақомоти беҳдоштӣ дар тестҳои баъдӣ натиҷаҳо “манфӣ” дониста шуданд. Моҳи май дар Хуҷанд 15 нафарро ҳамчун гумонбар ба коронавируси нав карантин карданд, вале баъдан мақомот гуфтанд, ки онҳо бемор нестанд. Сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, Абдумавлон Абдуллозода, ки аз эҳтимоли сироят хабар дода буд, 25 май аз тарафи вазири тандурустӣ барканор карда шуд. Яке аз беморони эҳтимолӣ, шаҳрванди 47-солаи Арабистони Саудӣ, Мансур Алӣ Қосим, ки 17 май натиҷаи тесташ мусбат баромада буд, фиристодагони вазорат солим эълон ва ба Узбекистон гусел карданд. Вале манфӣ баромадани озмоиши дувум пас аз чанд рӯзи мусбат эълон шудани он шубҳаҳоро ба пинҳонкории мақомоти тандурустӣ бештар кард.

Мақомот дар Вазорати тандурустӣ ба номаи Радиои Озодӣ дар бораи шарҳи вазъи феълии пандемия посух надоданд ва талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои сӯҳбати телефонӣ бо вазир Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 12-уми июн бенатиҷа буд.

Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури поликлиникаи рақами 13-и шаҳри Душанбе, ба саволи ин ки “чаро вазорати тандурустӣ пайваста такрор мекунад, ки ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус вуҷуд надорад?”, гуфт: “Акнун намегӯяд. Ҳодисаҳоро нав-нав пайдо карда истодаем. Мумкин аст, ки имрӯз аллакай (нашри хабар) сар мешавад, барои он ки мо маълумоти расмиро ба вазорати тандурустӣ дода истодаем”. Ҳомидзода афзуд, онҳо вазоратро имрӯз огоҳ карданд, ки дар муассисаи онҳо 10 нафари гирифторшуда ба коронавирус сабт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони вазорат омада, нафарони олудашуда ва дафтарчаҳои тиббии онҳоро санҷиданд.

Як табиби оилавӣ аз маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе гуфт, дар минтақаи онҳо ҳам чанд ҳодисаи олудашавӣ ба коронавирус вуҷуд дорад ва ин нафарон зери назари табибон муолиҷа мешаванд. “Аммо мисле, ки ҳамин вақт дар соли гузашта буд, нест, - гуфт ин табиб, ки нахост номаш нашр шавад. Ӯ гуфт: Хеле камтар аст”.

Аксар табибоне, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, сабаби дубора пайдо шудани сирояти коронавирусро ба имкони рафтуомади мардум ба кишварҳои дигар, риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ, ҳаракат дар дохили нақлиёти мусофирбари пур аз одам ва хунукназарӣ ба тозагиву меъёрҳои санитарӣ рабт доданд. Ҳомидзода мегӯяд, ин вирус тавассути ҳаво паҳн мешавад, аз ин хотир, ба сокинон машварат медиҳад, ки тақозои доштани “ниқоби якдафъаинаро ҳатман риоя кунанд”, “дар дохили нақлиёт 3-4 тирезаро кушода нигоҳ доранд” ва фосилаи иҷтимоиро ҳам ба инобат гиранд.

Вай афзуд, ҳоло муҳим аст, ки ҳарчи бештар сокинон ба муассисаҳои тиббӣ рафта бар зидди COVID-19 эм карда шаванд. Ӯ гуфт, эмкунии гурӯҳи эҳтиёҷи аввал, мисли табибон ва ҳам пиронсолон бо воксинаи сохти ҳиндии AstraZeneca ба анҷом расид ва ҳоло сокинони аз 60-сола боло метавонанд барои гирифтани воксина муроҷиат кунанд. Табиби оилавӣ аз маҳаллаи Гулистон, ки худаш ду воя воксинаи сохташуда бар асоси формулаи донишмандони Бритониёро дарёфт кардааст, гуфт, ки худро хуб ҳис мекунад ва аз ҳеҷ ҳолати бад шудани саломатии касе баъди гирифтани воксинаро хабар надорад. Ин табиби оилавӣ бо ишора ба хабарҳои нигаронкунандаи чанд моҳ пеш аз эҳтимоли тамбашавии хун аз ин воксина гуфт, чунин шубҳа дар бархе муштариёни онҳо ҳам дида мешавад:

“Бархе меоянд, мегӯем, “ҳатман воксина гиред”, мегӯянд, “мо ба ин воксина бовар намекунем, воксинаи русии “Спутник” мехоҳем, вале мо мегӯем, ки “шумо онро насанҷидаед. Ин бошад, аллакай аз санҷиши мо гузаштааст. Илова ба ин, ин воксинаи бепул аст, СММ хайр кардааст, гиред, вале ҳамоно бархе шубҳа мекунанд”, нақл кард ин духтури оилавӣ.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки барномаи муқобила бо пандемияи коронавирус дар сайёраро пеш мебарад, мегӯяд, барои Тоҷикистон дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст, ки барномаи эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 ба таври густурда ва афзоянда ба роҳ монда шавад. Дар як имейл ба Радиои Озодӣ Сара Тайлер, сухангӯи СҶТ рӯзи 11-уми июн гуфт, “барои ҳимояти ҷони мардуми сокини Тоҷикистон аз ин бемории хатарнок вазифаи авлавиятнок ин аст, ки эмкунӣ бар зидди COVID-19 афзоиш ёбад. Ба иловаи ин, тадбирҳои қавии тиббӣ метавонад роҳро барои зиндагии маъмулӣ ва хатми пандемия ҳамвор кунад”. Ба иттилои СҶТ, кӯмаки ин созмон ба Тоҷикистон барои “тақвияти низоми беҳдошт бо ҳадафи назорат, муоина ва табобати беморон идома меёбад. Дар давоми моҳи марти соли 2020 то моҳи маи соли 2021 СҶТ беш аз 87 тонна захираҳои мухталифи тиббӣ, фаннӣ, диагностикӣ ва озмоишгоҳиро дар ҳаҷми умумии беш аз 6 миллион доллар ба Тоҷикистон ироа кардааст”.

Саҳми муҳими СҶТ ин аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX Facility 192 ҳазор дона воксинаи AstraZeneca-ро фароҳам кардааст.

Айни замон, ин масъули СҶТ аз посух додан ба саволи ин ки “то куҷо ба изҳороти мақомоти тоҷик дар бораи кишвари орӣ аз коронавирус будани Тоҷикистон бовар доранд?” худдорӣ намуд.

Абдумалик Қодиров, ҷомеашиноси тоҷик ба саволи ин ки чаро бо гузашти беш аз як сол аз пандемияву интиқодҳои зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мақомот ҳамоно омори воқеии олудашавиҳо ба коронавирусро пинҳон медоранд, гуфт:

“Ин ҷо, аз назари ман, ду сабаб буда метавонад. Якум – муҳоҷирати меҳнатӣ. Буҷаи Тоҷикистон аз пулҳое, ки муҳоҷирон мефиристанд, хеле вобаста мебошад. Ва он гурӯҳи муҳоҷироне, ки аз кишвар берун рафта наметавонанд, метавонанд бо сабаби бекорӣ боиси эҷоди беназмӣ дар кишвар шаванд. Аз ин рӯ, мақомот мехоҳанд нишон диҳанд, ки “дар мо коронавирус вуҷуд надорад”. Яъне шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба хориҷа раванд ва онҳо ба дигарҳо хатаре надоранд. Баъдан, масъалаи имиҷ (обрӯ) аст, ки гӯё “мо тавонистем дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин беморӣ сарбасар ва пирӯз шавем”.

Ба андешаи Қодиров, як далели дигараш ин буда метавонад, ки мақомот мехоҳанд пеши роҳи ҳама гуна воҳимаи атрофи бемориро бигиранд, то мардум оромона кори худро идома диҳанд. “Чунки вақте онҳо дар бораи коронавирус хабар медиҳанд, бояд мутобиқ бо ӯҳдадориҳои байналмилалӣ амал кунанд, аҳолиро бо тамоми маъракаву тадбирҳои беҳдоштии зарурӣ таъмин кунанд, вале ин серхарҷ аст”, гуфт ӯ.

Ин нуктаро як табиби дигари тоҷик ҳам, ки нахост номаш бурда шавад, таъкид кард. Ӯ гуфт, “маъмулан ҳама гуна чораҳои беҳдории ҷамъиятӣ хароҷоти иловагиро тақозо мекунад - шурӯъ аз тести оддии антигенӣ, ки дар мактабҳои ғарбӣ як чизи оддӣ ва бепул аст. Вале барои Тоҷикистон ҳар қадами чунин чораҳо хароҷот аст. Аз ин хотир, шояд андешаи ин ки аксар аҳолӣ ба ин вирус ногузир олуда шуда, ниҳоят имунитети ҷамъиятӣ ҳосил мешавад, дар зеҳни мақомот ғалаба кардааст”.

Тоҷикистон баҳори соли 2020 ба хотири пайваста рад кардани вуҷуди коронавирус дар кишвар мавриди интиқод буд ва ниҳоят 30-юми апрели он сол дар бораи вуҷуди коронавирус хабар дод. Вале бо ин вуҷуд, шубҳа дар комил ва пурра будани омор рафъ нашуд.

XS
SM
MD
LG