Ссылки доступа

Дархости як мансабдори украинӣ аз 350 ҳазор сокини Донетск барои тарки минтақа


Раиси вилояти Донетск дар пайи ҷангҳои сахт ва ҳамлаҳои Русия, аз сокинони ин минтақа, ки беш аз 350 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хост, фирор кунанд. Бахшҳое аз ин минтақа дар ҳоли ҳозир дар назорати нерӯҳои украинӣ мондааст.

Павел Кириленко, раиси вилояти Донетск, таъкид кард, ки "сарнавишти ҳамаи кишвар ба минтақаи Донетск вобаста аст... вақте ки аҳолии камтаре ҳузур дошта бошад, бештар хоҳем тавонист, то ба душман зарба занем ва вазифаҳои худро анҷом диҳем."

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина беш аз 7,1 миллион украинӣ дар дохили кишвар овора шудаанд ва беш аз 4,8 миллион нафар ҳам ба берун аз кишвар паноҳ бурдаанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, шоми сешанбе дар саросари кишвар бонги хатар зада шуд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаҳои охир дар бисёре аз минтақаҳо оромиш ҳукмфармо буд.

Зеленский дар суханронии видеоии худ изҳор дошт, "Шумо дар робита ба корҳое, ки террористҳо мекунанд, набояд дунболи мантиқ бошед. Артиши Русия ҳеч истироҳате намекунад ва танҳо як вазифа дорад: гирифтани ҷони мардум ва тарсонидани онҳо."

Артиши Русия дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи асосии худро ба шарқи Украина равона кардааст. Раиси вилояти Доненск гуфт, аз он сабаб, ки бисёре аз зерсохторҳои муҳими кишвар дар ин минтақа ҳастанд, ҳадафи аслии Русия низ акнун Краматорск ва Славянск аст.

Вай бо танқид аз бомбаборони нерӯҳои русӣ гуфт, онҳо "ҳеч чизи хосеро ҳадаф қарор намедиҳанд... ва танҳо қасди нобудии зерсохторҳои ғайринизомӣ ва минтақаҳои аҳолинишинро доранд."

Артиши Русия рӯзи якшанбе эълон кард, ки ҳама қаламрави вилояти Луганскро тасарруф кард ва пас аз он бамборони вилояти Донетскро шиддат бахшид.

XS
SM
MD
LG