Ссылки доступа

Мақомот як шаҳрванди Қазоқистонро дар ташкили ҳамла ба рӯзноманигорон гумонбар мекунанд


Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки шахсияти гумонбар дар ташкилсозӣ ва ташаббускори ҳамла ба рӯзноманигорон дар Қазоқистон муайян шудааст.

Мақомоти пулиси он кишвар гуфтанд, вай шаҳрванди Қазоқистон Клебанов Аркадий Сергеевич аст.

Гумонбар боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Мақомот ӯро дар "эҷоди монеа дар фаъолияти рӯзноманигорон", "таҳдидсозӣ", "вайронсозии дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ", "барқасдона маҳв ва ё зарар расонидани амволи ғайр" ва "авбошӣ" гумонбар мекунанд.

Ба иттилои пулис, боздоштшуда ба ин айбҳо эътироф кардааст.

Ин гумонбар, ба гуфтаи пулис, "аз рӯи хусумати шахсӣ ва даъвои пешин бо бархе аз намояндагони расонаҳои Қазоқистон" ҳамлаҳоро ташкил кардааст.

Расонаҳои Қазоқистон навиштанд, ки боздоштшуда аз хешовандони яке аз сарватмандони он кишвар аст. Аммо, ба навиштаи расонаҳо, ангезаи воқеии ҳамла ба расонаҳо аз сӯи боздоштшуда маълем нест.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи панҷшанбеи 2 март хабар дода буд, ки шарикони эҳтимолии гумонбар дар ташкили ҳамла ба рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақилро ошкор кардааст.

Гумонбар боздошт шуда, "гуноҳро ба гардан" гирифтааст ва бо муфаттишон "ҳамкорӣ мекунад".

Сомонаи расмии вазорат 2 март номи чаҳор каси дигар - шаҳрвандони хориҷиро нашр кард, ки гӯиё сокинони маҳаллиро барои анҷоми ҳамла ба рӯзноманигорони Қазоқистон бар ивази маблағ ҷалб мекардаанд. Онҳо маълумотро дар бораи қурбониёни худ аз манбаъҳои боз ҷамъоварӣ менамудаанд.

Ба иттилои муфаттишон, яке аз боздоштшудаҳо масъули ҳамлаҳои ҳакерӣ буда, сомонаҳои "Orda", "Elmedia" ва "Ulysmedia"-ро ӯ рахна кардааст.

Пулиси Қазоқистон 22 феврал низ хабар дода буд, ки 18 касро барои анҷоми амали ғайриқонунӣ зидди рӯзноманигорон боздошт кардааст.

Мақомоти пулиси Қазоқистон гуфтанд, барои ошкор кардани ин ҷиноятҳо гуруҳи фаврии тафтишотии муштарак таъсис додаанд. "Айни замон ҳамаи ҳолтаҳо ошкор шудааст, 18 нафар боздошт шудааст. Чораҳои тафтишотӣ идома доранд", - хабар доданд дар пулиси Қазоқистон.

Дар ним соли охир дар Қазоқистон ҳолатҳои ҳамла ба рӯзноманигорон ва блогерон бештар шудааст.

Созмонҳои байналхалқӣ вазъи озодии баёнро дар Қазоқистон душвор унвон мекунанд. Ин кишвар дар шохиси озодии баёни созмони "Хабарнигорони бидуни марз" миёни 180 кишвар дар мақоми 122 қарор дорад.

XS
SM
MD
LG