Ссылки доступа

Bloomberg: Русия мумкин аст, бо давр задани таҳримҳо тавассути Туркия, Қазоқистон ва АМА микрочип харидорӣ кунад


Русия мумкин аст, бо давр задани таҳримҳо микрочипҳои аврупоиро харидорӣ кунад. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба як дипломати баландпояи аврупоӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, миёнаравони ин доду гирифти тиҷорӣ кишварҳои севуме ҳастанд, ки ба таҳримҳо шомил нашудаанд. Аз ҷумла Туркия, Қазоқистон ва Амороти муттаҳидаи арабӣ.

Ҳамсуҳбати Bloomberg гуфтааст, сарфи назар аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои G7, ҳаҷми содирот ба Русия ба ҳолати пеш аз ҷанг баргаштааст. Содирот ба Русия аз кишварҳои осиёсӣ, аз ҷумла Чин низ афзудааст.

Оморҳои Оҷонси байналхалқии назорати иттилои тиҷорӣ, ки дар Женева қарор дорад, нишон медиҳанд, ки танҳо Қазоқистон дар соли 2022 ба Русия дар ҳаҷми 3,7 млн доллар микрочип ва дигар афзорҳои техникӣ фурӯхтааст. Дар ҳоле, ки дар соли 2021 Қазоқистон ба Русия ҳамагӣ дар ҳаҷми 12 ҳазор доллар чунин маҳсулот фурӯхта буд.

Интиқоли мустақими дастгоҳҳои электронӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Бритониё ва Ҷопон ба Русия то замони пеш аз ҳамла ба Украина солона 163 млн долларро ташкил медод. Соли 2022 ин нишондод ба 60 млн пойин омад. Аммо ҳамзамон хариди Русия аз Қазоқистон, Туркия, Сербистон ва АМА якбора боло рафт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин кишварҳо чунин дастгоҳҳоро истеҳсол намекунанд. Кишварҳои мазкур дар соли 2022 хариди микрочипҳо ва дигар афзорҳои электрониро аз кишварҳое бештар карданд, ки нисбати Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Ҳафтаи гузашта ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё аз АМА хостанд, содирони маҳсулот, ба хусус электроникаро ба Русия қатъ кунад. Ин навъи маҳсулот мумкин аст, барои идомаи ҷанг дар Украина истифода шавад.

XS
SM
MD
LG