Ссылки доступа

Эҳтимол муҳлати истифода набурдани ДХН дар бозорҳои Қирғизистон дароз шавад


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар суҳбат бо телевизиони "Ала-Тоо 24" сиёсати нави андозбандӣ дар кишварашро шарҳ дод.

Аз ҷумла, Жапаров гуфт, ба соҳибкорони Қирғизистон 10 ҳазор дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) ройгон тақсим карда мешавад ва ҳамчунин барои харидории 20 ҳазор дастгоҳҳи дигар пул ҷудо хоҳад шуд. "Мо ба фурӯшандагони бозорҳо иҷозат додем, ки то 1 апрели соли равон аз ДХН истифода набаранд. Дар сурати зарурат тамдиди ин муҳлатро баррасӣ хоҳем кард", - афзудааст ӯ.

Жапаров пештар дар ҷаласаи ҳукумат гуфта буд, ки тибқи қонунгузории Қирғизистон, соҳибкорон бояд танҳо тавассути ДХН фаъолият кунанд. Вале ин иқдом эътирози соҳибкоронро дар он кишвар ба бор овард.

Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон борҳо дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG