Ссылки доступа

Ба қирғизистониҳои дорои шаҳрвандии хориҷӣ корти махсус медиҳад


Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти "Мекен-карт" дар Қирғизистон оғоз шудааст. Ин ҳуҷҷат ба қирғизистониҳое дода мешавад, ки аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашидаанд.

Вазорати меҳнат, амнияти иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар дод, ки довталабони "Мекен-карт" метавонанд барои дарёфти он ба сафорат ва консулгариҳои ин кишвар дар хориҷ муроҷиат кунанд. Қирғизистониҳое, ки феълан дар ватан ҳастанд, бояд ба марказҳои хадамоти давлатӣ муроҷиат намоянд.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти "Мекен-карт" 13 март оғоз шуда, он дар давоми ду моҳ баъд аз қабули аснод дода мешавад.

Муовини вазири меҳнат, амнияти иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон Нурдоолот Базарбаев моҳи сентябри соли гузашта гуфта буд, аз замони мустақил шудани кишвараш беш аз 60 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ҷамъан 1,2 миллион қирғизистонӣ дар хориҷ кору зиндагӣ мекунад.

Ба соҳибони корти "Мекен-карт" мақоми "ҳамватан бо шаҳрвандии кишвари хориҷӣ" дода мешавад. Онҳо ҳақ доранд, бе раводид ба Қирғизистон сафар карда, кору зиндагӣ кунанд, вале наметавонанд дар мансабҳои давлатӣ кор ё дар интихоботҳо иштирок намоянд.

XS
SM
MD
LG