Ссылки доступа

Тағйирот дар Кодекси меҳнат: қазоқистониҳо дар ҳафта чаҳор рӯз кор ва се рӯз истироҳат мекунанд


Шуруъ аз моҳи июли соли ҷорӣ дар Қазоқистон ҳафтаи чаҳоррӯзаи корӣ амалӣ мешавад.

Ин тағйирот аз 1 июли соли ҷорӣ дар Кодекси меҳнати Қазоқистон ворид мешавад.

Ба ин тартиб, дар моддаи 71 Кодекси меҳнати Қазоқистон тағйироти зер ворид мегардад: "Бо ризоияти ҷонибҳо дар шартномаи меҳнат ҳафтаи чаҳоррӯзаи корӣ иҷоза дода мешавад".

Аммо ҳафтаи панҷрӯза ва шашрӯзаи корӣ дар Кодекси меҳнати он кишвар боқӣ мемонад. Аз салоҳдиди корфармо ва коргар вобаста аст, ки дар шартномаи меҳнатӣ ҳафтаи чандрӯзаи корӣ таъйин мекунанд.

Муаллифони тарҳи тағйирот ба Кодекси меҳнат гуфтаанд, метавон чунин низоми кориро ҷорӣ кард, ки коргар як ҳафта панҷ рӯз ва ҳафтаи дигар чаҳор рӯз кор кунад.

XS
SM
MD
LG