Дар тарҳи нав омадааст, ки соҳибони шиносномаҳои Русия барои "рафторе, ки ба амнияти миллӣ хатар эҷод мекунад", аз ҷумла "дурӯғпароканӣ" ва "беобрӯсозӣ"-и артиши Русия аз шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Бино бар тартиби нав, барои фирор аз артиш, беобрӯсозӣ ва паҳнсозии фейк дар бораи артиш ва сарбозони ихтиёрӣ, бетартибиҳои оммавӣ, қонуншикании такрорӣ дар бораи гирдиҳамоиҳо, сарпечӣ аз артиш, риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи агентҳои хориҷӣ шаҳрвандии муҳоҷиронро бекор мекунанд.
Касоне, ки ба ин тартиб аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд, наметавонанд, то се сол дубора дархости шаҳрвандӣ диҳанд.
Дар Конститутсияи Русия омадааст, афроде, ки дар ҳудуди Русия таваллуд шудаанд, наметавонанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шаванд.
Теъдоди зиёде аз зодагони Осиёи Марказӣ - аз Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистон ва Қазоқистон дар солҳои охир шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.