Айсулу Қодирбоева, ҳамсари сиёсатмадор, ки низ дар беморхона бистарӣ аст, гуфт, ҳангоми бад шудани сиҳатиаш Куанишалин дар хона танҳо будааст.
"Вақте бори охир бо вай суҳбат кардам, гуфт, бояд дар беморхона бистарӣ шавад. Ман гуфтам, ки фикри маро накунад ва ба бемористон равад. Имрӯз ҳамсафонаш тамос гирифтанду гуфтанд, ки вай ба худ намеояд", - гуфт Айсулу Қодирбоева.
Куанишалинро 16 май дар беморхона бистарӣ кардаанд.
Жасарал Куанишалин дигарандеш ва сиёсатмадори мухолифи қазоқистонӣ аст. Вай солҳои 1994-95 вакили Шӯрои олии Қазоқистон буд. Дертар ба ҷониби мухолифон гузашт ва аз амал ва тасмимҳои роҳбарияти Қазоқистон интиқод мекард. Солҳои охир мехост, ҳизби сиёсие сабти ном кунад, аммо вазорати адлияи он кишвар бо ҳар баҳонае ҳизби ӯро сабти ном накард.