Дар хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ин тирпаронӣ дар натиҷаи амалиёти муштараки маъмурони ин ниҳод бо кормандони Кумитаи амнияти миллии он кишвар барои боздошти "террорист" сурат гирифтааст.
"Ӯ муқобилияти мусаллаҳонаи фаъол нишон дод ва дар натиҷаи амалиёти махсуси маъмурони амниятӣ ва пулис кушта шуд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Манбаъ афзуда, ки раҳбарони Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.
Дар тирпаронӣ ду корманди пулис захмӣ шудааст.