Видеои тахриби девор, ки Узбекистон онро соли 2010 дар марз бо Қирғизистон бунёд карда буд, ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, видео дар гузаргоҳи сарҳадии "Бекобод-Хонаобод", ки дар миёни вилоятҳои Ҷаллолободи ин кишвар ва Андиҷони Узбекистон воқеъ аст, сабт шудааст.
Девор бо мақсади аз саргирии кори гузаргоҳ тахриб карда шудааст.
Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон ахиран дар шаҳри Самарқанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва техникии аломатгузории марзи давлатии ду кишварро тасдиқ карданд.
Қирғизистону Узбекистон 1314 километр марзи муштарак доранд. Моҳи ноябри соли 2022 ду кишвар эълом карданд, ки дар баҳсҳои марзӣ нуқта гузоштаанд. Баҳсии марзии ду кишвар бештар аз 30 сол идома дошт.