Ссылки доступа

Номзад ба вакилии порлумони Қирғизистонро ба харидани овозҳо айбдор мекунанд


Ulan Sariev
Ulan Sariev

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон зидди номзад ба вакилии порлумони ин кишвар аз ҳавзаи интихоботии Ленин бо гумони харидани овозҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар иттилоияи кумита аз гумонбар ҳамчун С.У.А ном гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъҳои боварбахш, сухан дар бораи Улан Сариев меравад.

Кумита С.У.А-ро ба он айюдор мекунад, ки дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботии худ аз манбаъҳои маъмурӣ сӯистифода карда, ҳамчунин пулҳоеро истифода бурдааст, ки ба бунёди интихоботӣ шомил карда нашудаанд.

Худи Сариев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки маъмурони амниятӣ 31 май қароргоҳи ситоди ӯро бозҷӯӣ карданд.

"Гӯиё як шаҳрванд шикоят кардааст, ки ӯро барои овоз додан ба ман маҷбур кардаанд. Гуиё гуфтаанд, ки агар ба ман овоз диҳанд, ман барои кудакон майдончаи бозӣ месозам. Вале ман бо сокинони биное, ки ин шаҳрванд дар онҷо зиндагӣ мекунад, вохӯрда, гуфта будам, ки бунёди майдончаҳои бозӣ барои кудакон дар салоҳияти вакили порлумон нест", - изҳор доштааст Сариев.

Улан Сариев соли 2021 вакили маҷлиси шаҳрии Бишкек интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG