Ссылки доступа

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон ба ғасби рейдерии як меҳмонхона муттаҳам мешавад


Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон вазири пешини фарҳанги ин кишвар Аристонбек Муҳаммадиулиро дар ғасби рейдерии як меҳмонхона муттаҳам кард.

Дар Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон гуфтанд, тафтиши парвандаро аллакай ба поён расондаанд.

Ин изҳороти хадамот баъди нашри як навор аз рафти мурофиаи додгоҳии вазири пешин дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд. Муҳаммадиулӣ дар навор мегӯяд, кормандони Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон дар рафти тафтишот ӯро маҷбур карданд, ки меҳмонхонаи "Дипломат"-ро ба номи шахси севум гузаронад ва 111 миллион танга ҷуброн пардозад.

Дар хадамот гуфтанд, ин иддао асос надорад.

"Тафтиши парвандаи иловагӣ алайҳи Муҳаммадиулӣ бо гумони ғасби рейдерии меҳмонхонаи "Дипломат" ба анҷом расидааст. Муҳаммадиулӣ бо мақсади гурез аз ҷавобгарӣ тариқи гумроҳ кардани додгоҳ ва ҷомеа маълумоти дурӯғ пешниҳод кардаааст", - гуфта мешавад дар изҳороти хадамот.

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон аз 28 моҳи майи соли 2022 бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16 майи соли гузашта шуруъ карда буданд. Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG