Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамсари Жээнбековро 26 майи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифт.
Олимбоева дар фасодкорӣ айбдор мешавад. Ба иттилои тафтишот, гӯиё Олимбоева ду қитъаи заминро дар шаҳри Бишкек фурӯхтааст. Вакили мудофеи вай, Разоқ Ашимбоев гуфт, ки Олимбоева дар хариду фурӯши қитъаи замин дахле надорад.
Ҳамсари Олимбоев - Равшан Жээнбеков аз моҳи октябри соли 2022 дар ҳабс аст. Ӯро ҳамроҳ бо наздики 30 сиёсатмадору фаъолони шаҳрвандии дигар бо гумони "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ" боздошт кардаанд. Пеш аз боздошт Жээнбеков ва боздоштшудаҳои дигар эълом карданд, ки барои ҳифзи обанбори Кампир-обод кумита ташкил мекунанд.