Дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар дод, ки ҷаласаи рӯзи 25 июн баъди гуфтугӯи Тоқаев бо президенти Русия Владимир Путин сурат гирифтааст.
Дар ҷаласаи рӯзи 25 июн Тоқаев ҳодисаҳои ахири Русияро "кори дохилии он кишвар" унвон, вале ҳамзамон гуфтааст, ки "қазоқистониҳо бо нигаронӣ ҳодисаҳои Русияро пайгирӣ доранд".
"Қосимҷомарт Тоқаев аз ҳосил шудани розигӣ ва қатъи амалиёти низомӣ ҷонибдорӣ кард", - омадааст дар хабари дастгоҳи президенти Қазоқистон.
Дар Русия ҷанги лафзии роҳбари ширкати хусусии низомии "Вагнер" Евгений Пригожин бо роҳбарияти вазорати мудофиаи он кишвар дар охири ҳафтаи гузашта ба "шӯриши мусаллаҳона" печид.
Рӯзи шанбе Пригожин "ба созиш расид" ва ҷангҷӯёнашро аз масири Москва ба урдугоҳҳои саҳроӣ баргардонид. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати Пригожин қатъ ва аъзои "Вагнер" таъқиб намешаванд.
Пригожин хабар дод, ки ба Белорус меравад.
Тоқаев бо Путин дар атрофи ин ҳодисаҳо ҳам рӯзи 24 июн ва ҳам 25 июн гуфтугӯ карданд.