Ссылки доступа

Дар Узбекистон як мардро барои буридани 16 дарахт бештар аз $100 ҷарима бастанд


Дар Бухорои Узбекистон барои сохтани як бино 16 дарахтро буридаанд. Мардеро, ки масъули буридани дарахтон буд, 1,35 млн сӯм ё бештар аз 100 доллари ИМА ҷарима бастанд. Ин дар ҳолест, ки зарари расонидаи вай ба табибат 259 млн сӯм баҳо дода мешавад.

Дар бораи сохтани бинои нав ва буридани дарахтон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ хабар расида буд. Он замон раёсати экологии вилояти Бухоро буридани дарахтонро омӯхтат, акнун дар бораи натиҷаи омӯзиш хабар додааст.

Ба иттилои расмӣ, марде бо ному насаби К.К. 16 дарахти тутро буридааст. Мақомот ҳаҷми зарари ба табиат расидаро 259 млн сӯм ё 22,5 ҳазор доллар баҳо додаанд.

XS
SM
MD
LG