Ссылки доступа

Занони тоҷик магар дар сиёсат аз мардон заифтаранд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Занони тоҷик магар дар сиёсат аз мардон заифтаранд? ​Оё мардон ҳамчун раҳбар дар сиёсат ва ё дар тиҷорат ба фарқ аз занон муваффақтаранд? Қариб нисфе аз пурсидашудаҳо дар як назарсанҷӣ гуфтаанд, мардон аз уҳдаи ин корҳо беҳтар мебароянд. Таҳқиқи Созмони Миллал маълум кардааст, ки мизон қазовати ғалат нисбат ба занон дар аксар кишварҳо баланд аст. (видео)

- Эътирозҳо ба оташ задани Қуръон дар Шветсия.​ Оташ задани нусхае аз китоби Қуръон дар шаҳри Стокҳолм, маркази Шветсия, вокунишҳои густурдаро дар кишварҳои исломӣ ба бор овард. Мақомоти Туркия ин амалро маҳкум карданд. Ин воқеа эҳтимол ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон “дастак” хоҳад шуд, ки ба дархости Шветсия барои пайвастан ба НАТО “не” бигӯяд.

- Дар Фархор тарбуз фаровон ва арзон шуд.​ Соли гузашта мардум аз камчин ва гарон буданаш шикоят доштанд, имсол деҳқонҳо аз арзон шуданаш. Дар ноҳияи Фархор мавсими ҷамъоварии тарбузу харбуза ҷараён дорад. Қисмеро аз онҳо харида ба Беларус бурдаанд, қисмеро ба бозорҳои дохилӣ мебароранд.

- ​Нозанини эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ дид? ​Як шаҳрванди Эрон пас аз озодӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароити нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард. Нозанин Мутеӣ дар охири соли 2022 ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошту панҷуним сол зиндонӣ шуд.

- ​Маоши тоҷикон барои зиндагӣ кофист? Як пажӯҳиши Кумитаи омори Тоҷикистон маълум намудааст, ки дар кишвар хонаводаҳо нисбат ба даромадашон харҷашон бештар аст. Бар асоси ин тадқиқот, дар соли 2022 даромади миёнаи пулӣ ба cари ҳар нафар 755 сомонӣ, вале хароҷот каме бештар аз 855 сомониро ташкил медиҳад. (видео)

- Оташсӯзӣ дӯкондорони Қубодиёнро муфлис кард. Гурӯҳи корие дар ноҳияи Қубодиён зарари сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро таҳқиқ мекунанд. Дар сухтори субҳи 29-уми июн молу маҳсулоти даҳҳо тоҷир ба коми оташ рафт. Тоҷирон гила карданд, ки агар оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса мерасиданд, эҳтимол чунин зиён намедиданд (видео)

- Таҷлили Иди Қурбон омехта бо баҳси идгардак. Сокинони Душанбе намози имсолаи иди Қурбонро дар масҷиди бузурги тозабунёд хонданд, ки бо миллионҳо доллар сармояи Қатар сохта шудааст. Бузургсолон барои адои намозу табрики наздикон мешитофтанд ва кӯдакон пушти дари сокинон идона дарёфт мекарданд. Баҳс дар бораи ид ҳам кам набуд (видео)

- Иди Қурбон нархи чорворо боло бурд. Рӯзи 28-уми июн мусалмонони Тоҷикистон Иди Қурбон (Азҳо)-ро ҷашн мегиранд. Забҳи чорво барои одамони доро яке аз рукнҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин дар арафаи Иди Қурбон талабот ба чорво якбора зиёд шуда, нархҳо ҳам дар бозор боло меравад (видео)

- "Милисаҳо рӯз намедиҳанд, дар ҷангал хобем". Дар Русия амалиёти “Нелегал” идома дорад. Бино ба иттилои мақомоти интизомии Маскав, амалиёт дар бозорҳо, корхонаҳои саноатӣ, сохтмонҳо ва ҷойҳое ки муҳоҷирон кору зиндагӣ мекунанд, гузаронида мешаванд (видео)

- Сайдалӣ дар Русия ҳунару дорбозӣ омӯхт, вале бозгашт ба ватанро аз сараш дур накард (видео)

- Оби ваҳшӣ. Чаро офатҳои табиӣ бештар харобиовар ва марговар шудаанд? (видео)

- Шӯриши Пригожин: дар шаҳрҳои Русия рӯзи 24 июн чӣ рух дод (видео)

- "Фабрикаи ҷавоб"-и қирғизистонӣ: зери қаноти ширкати асосии радиотелевизиони Қирғизистон? (видео)

- Дар Қазоқистон боздошти фаъолони шаҳрвандӣ идома дорад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG