Ссылки доступа

Духтари қирғизистониро, ки дар Туркия бедарак шуда буд, пайдо карданд


Шаҳрванди Қирғизистонро, ки ду ҳафта пеш дар Туркия бедарак шуда буд, дар шаҳри Истамбул пайдо карданд.

“Духтар дар натиҷаи ҳамкориҳои наздики вазири корҳои дохилии Қирғизистон Улан Ниёзбеков бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия Меҳмет Акташ дар шаҳри Истамбул пайдо карда шуд. Ҳоло наздиконаш дар назди ӯ ҳастанд. Духтар баъди тафтиши кутоҳе ҳамроҳи хонаводааш ба Қирғизистон фиристода хоҳад шуд", - изҳор доштааст Қазоқбоев.

Модари Жазгули 20-сола 24 июни имсол ба консулгарии Қирғизистон дар Истамбул муроҷиат карда, гуфта буд, ки духтараш дар Туркия бедарак шудааст. Ба гуфтаи модар, Жазгул аз шаҳри Бишкек ба Истамбул парвоз карда, аз онҷо бояд тавассути автобус ба шаҳри Варнаи Булғористон мерафт.

Бино ба гуфтаи корбарон, духтар бори охир тавассути саҳифаи як шиносаш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм бо модари худ тамос гирифта гуфтааст, телефон надорад ва бо мушкиле рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG