Хабарнигор ва манбаъи бахши туркмании Радиои Озодӣ 18 июл хабар доданд, ки ҳодиса 14 июли имсол дар назди фурӯшгоҳи давлатии №19-и Гороглӣ рух додааст. Дар робита ба ин ҳодиса фурӯшандаи мағоза боздошт шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, зани 45-сола, ки навбат мепоид, дар натиҷаи занозанӣ аз зинапоя ба замин афтода, дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.
"Он рӯз ҳаво дар Гороглӣ 44 дараҷа гарм буд ва дар назди фурӯшгоҳ ҳудуди 300 кас, ки се моҳ боз орди арзонро мунтазир буданд, ҷамъ шуданд. Мардум дар зери офтоб то соати 4 рӯз навбати худро мунтазир монданд", - афзуд манбаъ.
Фурӯшандаи мағоза ба навбатпоён гуфтааст, ки орд кам мондааст ва ба ҳамаи онҳо намерасад. Дар натиҷа миёни навбатпоён занозанӣ сар задааст.