Тибқи иттилои пулис, он рӯз миёни ду гуруҳи хонандагон ду соат пеш аз рух додани ҳодиса низоъ сар задааст. Ҷавонон созиш кардаанд, ки баъди дарс дар кӯча дубора вохӯрда, баҳсро идома медиҳанд.
Вале вақте гуруҳе, ки Мавлонов шомили он буд, ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешавад, яке аз аъзои гуруҳи дувум, навраси 17-сола бо тапонча ба самти онҳо оташ мекушояд. Дар натиҷа Мавлонов захми тир бардошта, дар бемористон ҷон додааст.
Хонаводаи Фаридун Мавлонов 12 сол пеш аз Узбекистон ба Амрико рафтааст ва падари ӯ Фирдавс Мавлонов ба ҳайси сартарош кор мекунад.