Ссылки доступа

Остона оташзании Қуръонро маҳкум кард


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон иқдомҳои қуръонсӯзӣ дар Аврупои Шимолиро "иғвоангезии нораво номид, ки ба афзоиши шиддат дар ҷаҳони муосир, барҳам задани эътимод миёни мардумон ва давлатҳо равона шудаанд".

Ба бовари Тоқаев, афзоиши ҳолатҳои "харобкории мазҳабӣ ва рафтори бемасъулиятонаи шаҳрвандони он давлатҳо" бояд ҳамчун "иқдоме, ки зидди меъёрҳои умумии мавҷудияти мутамаддинонаи давлатҳо ва мазҳабҳо аст", маҳкум карда шавад.

"Дабири кулли СММ низ бояд дар ин мавриди изҳори назар кунад", - омадааст дар баёнияи Тоқаев, ки онро мақомоти Қазоқистон нашр карданд.

Рӯзи 24 июл дар Копенҳагени Дания ду узви гуруҳи миллатгарои "Патриотҳои Дания" назди бинои сафорати Ироқ Қуръонро оташ заданд. Панҷшанбеи гузашта низ гуруҳе аз фаъолон назди сафорати Ироқ Қуръонро оташ заданд ва парчами Ироқро зери по карданд. Вазорати корҳои хориҷии Дания оташ задани Қуръонро "бефаҳмӣ ва тавҳин ба муқаддасот" номид ва миллатгароҳоро маҳкум кард. Ҳамзамон ин вазорат гуфт, ки оташ задани адабиёти динӣ бино ба қонунгузории Дания ҷиноят ба ҳисоб намеравад.

Оташзании Қуръон боиси гирдиҳамоии оммавӣ дар пойтахти Ироқ шуд. Рӯзи панҷшанбеи гузашта наздики ҳазор нафар пушти дари сафорати Дания ҷамъ омаданд ва шиорҳои динӣ сар доданд.

Рӯзи шанбеи гузашта сафири Дания дар Теҳрон ба вазорат даъват ва ба вай номаи эътирозӣ дар робита ба "тавҳин ба Қуръон дар Копенҳаген" супорида шуд.

Чанде аз кишварҳои дигари мусалмоннишин иқдомҳои қуръонсӯзиро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG