- Радиои Озодӣ-70: дар роҳ ба озодӣ. (видео)
- Ҷашнвораи таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе. Дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки ошпазҳои номии кишварҳои минтақа ҷараён дорад. (видео)
- Осиё: Раҳмон президентҳоро пешвоз мегирад. (видео)
- Дар Душанбе аз Аҳмадшоҳ Масъуд ёд карданд. Паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва сиёсатмадорону рӯзноманигорон бо баргузории маҳфиле дар Душанбе аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд карданд. То бозгашти дубораи Толибон ба қудрат, дар солгарди кушта шудани Масъуд дар Афғонистон “Ҳафтаи шаҳид” баргузор мешуд. (видео)
- Дар Душанбе афзоиши тиҷоратро бо Қазоқистон баҳс карданд. Тоҷирони тоҷику қазоқистонӣ дар ҳамоише дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ ва чигуна зиёд кардани додугирифтро баррасӣ карданд. Ҳамоиши тоҷирони Қазоқистон ва Тоҷикистон субҳи 12-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе оғоз шуд. (видео)
- Сабаби амалиёти давомдор дар Русия чист? Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд. (видео)
- Шикоят аз камбуди китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон. Бо оғози соли нави таҳсил баҳси нарасидани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон доғ шудааст. Баъзе аз волидон изҳор нигаронӣ мекунанд, ки китобҳои дарсӣ намерасад ва маҷбуранд барои фарзандон аз ҷойи дигар китоб пайдо кунанд. (видео)
- Русия: Боздошту азияти муҳоҷирон дар ҷойи кор ва ибодат. Баъд аз намози ҷумъа (8-уми сентябр) дар чанд шаҳри Русия муҳоҷиронро тафтиш карда, шахсони душаҳрвандиро барои сабти ном ба комисарриатҳои ҳарбӣ бурдаанд. Радиои Озодӣ наворҳоро дар ин бора рӯзи 11-уми сентябр дастрас кард. Аз моҳи май боздошту фишор ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия давом дорад. (видео)
- Усто ва Масто. Мустанади Радиои Озодӣ. Достони видеоӣ дар бораи ҳаҷвнигорони зиндаёди тоҷик Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто). Онҳо дар як ҷо хонданду дар як бино зистанд ва соли 1984, баъд аз садамаи нақлиётӣ, дар як рӯз ҷон бохтанд. Садама чӣ гуна рӯй дод ва чаро касе ҷавобгар нашуд? (видео)
- Чаро як китоб адибу рӯшанфикри тоҷикро паси панҷара бурд? Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро паси панҷараи боздоштгоҳ бурд. Ҳоло боздошти ин ду нафар, он ҳам барои баёни андеша баҳсеро дар ҷомеа барпо кардааст, ки то куҷо зиндонӣ шудани онҳо бодалел аст. (видео)-
- Эҳтимоли сафарбарии нав ба артиши Русия. Таҳқиқгарони лоиҳаи "Можем объяснить" бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, то 20 - уми сентябр сафарбарии нав ба артиши Русия оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол таваҷҷӯҳ ба муҳоҷироне бештар шудааст, ки шаҳрвандии Русияро доранд. (видео)
- Дар Тоҷикистон даври иловагии қабул ба донишгоҳҳо оғоз ёфт. Ҳафтаи аввали таҳсил дар Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар идома дорад, аммо ба онҳое ҳам, ки ҳанӯз донишҷӯ нестанд, имкон дода шудааст баъти худро бисанҷанд. Маркази Тестии Тоҷикистон имсол барои бори аввал ба довталабоне, ки дар ду даври аввал ба мактабҳои олӣ роҳ наёфтаан, шонси сеюмбора додааст (видео)
- "Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолии 2 табдил додаанд". "На шоир рӯз дорад, на тоҷир ва на рӯзноманигор. Ҳукумати Тоҷикистон ба кӣ вафо мекарда бошад?" Суоли корбаре ба номи "Хуросони Бузург" дар Фейсбук дар пасманзари боздошти рӯзноманигор ва нависандаи 65-сола Абдуқодири Рустам (видео)
- Баъзе сокинони зарардидаи Ромит то ҳанӯз аз ёриҳои башарӣ баҳраманд нашудаанд. Селу обхезии ҳафтаи гузашта боиси фавти 17 нафар ва зиёни молии бузург шуда буд (видео)
- Бо вуҷуди "не"-и додгоҳ биноро вайрон мекунанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе тахриби як биноро дар маркази пойтахт, ки боис ба вокуниши бошандагонаш шуда буд, манъ кард. Ширкати “Ориёно Сохтмон” ҳанӯз ба кораш идома медиҳад (видео)
- Оби Норак зиёд шуд, вале чаро гоҳо барқ нест? Масъулони Норак эълон карданд, ки обанбори нерӯгоҳ то нуқтаи охирин пур шудаву оби зиёдатиро ба рӯдхонаҳо мерезанд. Ҳамин нерӯгоҳ асосан Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Вале бо вуҷуди изҳороти мақомот, мушкили бебарқӣ дар фасли тобистон ҳам аз байн нарафтааст (видео)
- Мактабҳои Тоҷикистон зиёд, муаллим камтар мешавад? Дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз мешавад. Даҳҳо ҳазор нафар бори аввал ба остонаҳои муассисаи таълимӣ қадам мемонанд. Вазорати маориф мегӯяд 1-уми сентябр мактабу кӯдакистонҳои нав ифтитоҳ меёбанд. Аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мактабҳои нав камбуди 3500 муаллимро сахттар эҳсос хоҳанд кард (видео)
- Таҳқиқи Озодӣ: Раиси Кӯлоб бо "қонунҳо"-и худаш кор мекунад? Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки на танҳо ширкатҳои наздик ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа дар Кӯлоб ҳаққи истифода аз барқу андозро намесупорад, балки ширкатҳои наздикони Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳр низ айни корро мекунанд. (видео)
- Бонкдори шинохтаи тоҷикро ба хок супурданд. Имрӯз баъди адои маросими ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи Душанбе Шуҳрат Исматуллоев, мувоини собиқи раиси "Ориёнбонк" ба хок супорида шуд. Субҳи 30-юми август вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили марҳум рафтанд, хонаводааш нахост дар ин бора суҳбат кунанд. (видео)
- Чи гуна Конститутсияи Қазоқистон дар солҳои истиқлол иваз шудааст. (видео)
- Осебдидагони селу обхезӣ дар Ваҳдат муҳтоҷи кумак шудаанд. Бо гузашти ду рӯз аз офати табиӣ дар Ваҳдат сокинон мегӯянд, аз кӯмакҳои аввалия бархурдор нашудаанд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Чуянгарон онҳо аз зумраи нафароне ҳастанд, ки ин шабу рӯз ба кӯмак бештар ниёз доранд. (видео)
- Сел Садоқати 24-соларо бурду ду тифлашро ятим кард. Дар ноҳияи Ваҳдат сели мудҳиш чандин хонаро вайрон кард ва чанд нафарро кушт. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба деҳаи осебдидаи Бустонсаро рафтанд ва шоҳиди оқибатҳои мудҳиши фалокати табиӣ шуданд. (видео)
- Евгений Пригожинро чи гуна ба хок месупоранд ва бо "Вагнер" чӣ хоҳад шуд? (видео)
- Шаҳрвандии Русия мехоҳед, худро дар комиссариати ҳарбӣ сабт кунед! Шаҳвандии Русия мехоҳед, худро дар комиссариати ҳарбӣ сабт кунед! Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар вилояти Калугаи Русия аз муҳоҷирони довталаби шаҳрвандии Русия тақозо мешавад, ки ибтидо бо вазорати Мудофиаи ин кишвар қарордод банданд. (видео)
- Сел деҳаи Тангаӣ дар Ваҳдатро вайрону валангор кард. Дар натиҷаи боронҳои сахти шаби 27-уми август, ду деҳа бахусус деҳоти Тангаӣ ва Шоразм дар шаҳри Ваҳдат сахт осеб диданд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат то кунун 13 нафарро куштааст. (видео)
- Тоҷике дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ мекунад". Бо беруншавии Британия аз Иттиҳоди Аврупо ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба бозори кори ин кишвар роҳ ёфтанд. Қаҳрамони навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" яке аз онҳост. (видео)
- Ҷузъиёти парвандаи додраси боздоштшударо шарҳ доданд. Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро шарҳ доданд. Дар ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки дар нимсолаи 2023 ин намоёнтарин ҳолати ришваситонии як мансабдори баландмақом аст, ки ошкор шудааст. (видео)
- Наздикони молики "Ибни Сино" се ҳафта боз ӯро надидаанд. Бо гузашти тақрибан се ҳафта аз боздошти Абдухалил Холиқзода, бунёдгузор ва молики беморхонаи байнулмилалии “Ибни Сино”, пайвандонаш мегӯянд, то ҳол натавонистаанд, бо ӯ мулоқот кунанд. (видео)
- Баҳои хабарнигорон ба нишасти мансабдорони тоҷик.
"Раисони идораҳо иштирок доштанд", "омодагӣ беҳтар буд", аммо "монеаҳо ҳам ҷой доштанд". Бардошти хабарнигорони тоҷик аз нишастҳои матбуотии имсола чунин аст (видео)
- Равуои мошинҳои боркаш пули рӯди Ёхсуро ларзон кардаааст. Як пуле бар фарози дарёи Ёхсу, ки инак 65 сол аст минтақаи Хатлонро бо Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мепайвандад, ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад (видео)
- Кормандони идораи барқи Кӯлоб аз истгоҳи мошинҳои боркаш дар ҳаросанд (видео)
- Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ чӣ фарқ дошт? Чораҳои шадиди амниятӣ; шаҳри нимахолӣ ва лағви сафар ба Рӯшон. Баъзе аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минтақа чунин тасвир карданд (видео)
- Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам? Ду хонаводаи тоҷик барои соҳибии фарзанд ҷанҷолу кашмакаш доранд. Модар мехоҳад, бар тибқи амрҳои додгоҳ, ки соле пеш содир шудааст, фарзандашро аз падар пас бигираду худаш тарбия кунад, вале наметавонад (видео)
- Чаро футболбозони "Файзканд" ба бозӣ наомаданд? Мушкилоти молӣ ва нагирифти музди кор сабаб шудааст, ки баъзе аз бозигарони қавиии дастаи "Файзканд" дар рақобатҳои муҳими даста ширкат накунанд (видео)