Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон додааст.
КДАМ мегӯяд, дар ин ҳодиса кормандони мақомот ва шаҳрвандони мулкӣ зиён надидаанд.
Расонаҳои қирғизистонӣ навиштанд, ки дар шаҳри Бишкек дар буриши кӯчаи Иброҳимов бо Кулатов, дар қаҳвахонаи "Блондер Паб" амалиёти боздошти Колбоев сурат гирифтааст. Додситонии кулли Қирғизистон Қурмонқул Зулушев ва вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев дар ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2020 хабар дода буданд, ки Колбоев дар доираи парвандаи "Ташкили созмони ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" боздошт шудааст. Ӯро 2 марти соли 2021 ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо карда буданд.
Соли 2012 ИМА Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.