Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, мусофиркашии мошинҳои дорои чамбараки ростро манъ кунанд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон пешниҳод кардааст, мусофиркашии мошинҳои дорои чамбараки рост манъ шавад.

Ин пешниҳоди вазорат рӯзи 18 феврал дар Портали ягонаи муҳокимаи ҷамъиятии Қирғизистон гузошта шудааст.

Ин нахустин талоши вазорати корҳои дохилии он кишвар барои манъи истифодаи мошинҳои дорои чамбараки рост нест. Солҳои 2018 ва 2023 вазорат чунин талошҳоро карда буд. Аммо пешниҳодаш қабул нашуд.

Дар Қирғизистон соли 2023 276 садамаи нақлиёт сабт шудааст. Дар он садамаҳо 24 кас кушта, 619 тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон нагуфтанд, ки ҳиссаи мошинҳои дорои чамбараки рост дар ин садамаҳо чи қадар аст.

XS
SM
MD
LG