Баъди иҷозаи расмӣ ду зан - Наргиз Гадоева ва Саодат Шерматова нахустин шуда, пушти фармони автобус нишастаанд.
Айни замон ҳар ду зан марҳилаи коромӯзиро мегузаронанд.
Дар вазорати нақлиёти Узбекистон гуфтанд, нақлиёти муосир ба сиҳатии занон таъсири манфӣ намерасонанд. Бо бекорсозии меъёрҳои пешин дар Узбекистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шудааст, ки занон ба касбу корҳои мухталиф машғул шаванд.