Ссылки доступа

Шаҳрванди Узбекистон ҳамсари собиқашро дар Амрико парондааст


Як шаҳрванди Узбекистон ҳамсари собиқашро дар Амрико паронда ва сипас худкушӣ кардааст.

Ба иттилои "The Philadelphia Inquirer”, Аллаберги 44-сола, сокини шаҳри Монтгомерии ИМА 16 март дар шаҳри Ҳантингтон ҳамсари собиқаш Дурдона Султоноваи 43-соларо парондааст.

Мард эҳтимол баъди куштори ҳамсари пешинаш худкушӣ кардааст.

Дар бораи ҳодиса ҳамсояҳои Султонова ба пулис хабар додаанд. Маъмурони пулис баъди ҳозир шудан ба маҳалли ҳодиса ҷасади Султонова ва Аллабертро пайдо кардаанд.

Додгоҳ дар робита ба ин ҳодиса бо банди куштор парванда боз кардааст.

Дурдона Султонова Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи шаҳри Тошкандро хатм карда, чанд сол пеш ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико рафтааст. Аз ҳамсарони собиқ ду фарзанд боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG