Сухан дар бораи раиси пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ Бусурманқул Табалдиев ва раҳбари пешини комиссияи давлатии Қирғизистон дар умури паноҳандагон Эрнис Апилов меравад.
Ин мансабдорони баландпоя ба додани шаҳрвандии Қирғизистон ба 10 шаҳрванди Туркия, аз ҷумла президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" Орҳан Инондӣ муттаҳам мешуданд.
Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Дертар, 5 июл Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дод, ки Орҳан Инондӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.
Орҳан Инондӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дошт.