Ссылки доступа

Чаро дигар додрасҳои Суғд касеро бегуноҳ эълон намекунанд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чаро дигар додрасҳои Суғд касеро бегуноҳ эълон намекунанд? Додрасҳои вилояти Суғд баъди боздошту зиндонӣ шудани як ҳамкасбашон, ки бо “ҳукми сафед”-аш маъруф гаштааст, дигар чунин ҳукмеро содир накардаанд. Рустам Саидаҳмадзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2021 як сокини ҳамин ноҳияро “бегуноҳ” эълон кард ва андак баъд худаш ҷазо гирифт. (видео)

- Дар Тоҷикистон доир ба "пирӯзӣ"-и Путин чӣ мегӯянд? Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз Путинро табрик гуфт ва пирӯзии ӯро "ғолибияти баҳснопазир" номид. Русия мизбони бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст ва ду кишвар ҳамкориҳои зич доранд. Мондани Владимир Путин дар қудрат барои Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад.

- Маҳсулоти пастсифатро кӣ ба Тоҷикистон меорад? Дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти пастсифат ва ё маводи ғизоии муҳлати истеъмолаш сипаришуда ҳамеша байни муштариёну фурӯшандагон ҷанҷолу даъво барагехтааст. Вале суоли асосӣ ин аст, ки чигуна, масалан рӯған, орд ва ё маводи ғизоие, ки дигар набояд онро хӯрд аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад. (видео)

- "Мехоҳам, одами муфиде барои ҷомеа бошам". Дар ноҳияи Шаҳритус зани нобиное танҳо зиндагӣ мекунад, ки орзуи содда, вале муҳиме дорад. Орзуяш ин аст, ки битавонад мисли замони биноиаш дар ҷое коре ёбад ва барои ҷомеаву атрофиёнаш фарди муфиде бошад (видео)

- Яке аз дастаҳои беҳтарини Тоҷикистон пароканда шудааст. Дастаи футболи "Файзканд" дар ноҳияи Восеъ, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд, пароканда шудааст. Бозигарони даста ва масъулони ин бошгоҳи футбол мегӯянд, далели пош хӯрдани даста наёфтани сарпараст аст (видео)

- "Бухоро дубора вайрон мешавад". Вайрон кардани баъзе аз биноҳо дар бахши таърихии шаҳри Бухоро баҳсбарангез шуд. Намояндагони ҳукумати Узбекистон онро ба бунёди Маҷмааи сайёҳии "Бухорои боқӣ" рабт доданд (видео)

- Президент чанд муддат бояд сари қудрат бошад? Сокинони Осона, Алмато ва Бишкек посух медиҳанд (видео)

- Саргузашти Стас: шаҳрванди Русия баъди ҷанг ба Бишкек рафта, онҷо "курер" кор мекунад (видео)

- Муҳоҷирон дар Русия сарфи назар аз кори вазнин рӯза мегиранд. Чаро онҳо ин корро мекунанд? (видео)

- Шакрои Ҷавон. Дар Русия "бонуфузтарин" дузди қонунӣ пеш аз муҳлат аз зиндон озод мешавад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG