Лоиҳаи қонун дар ин бораро вакилони порлумони Қирғизистон Нуржигит Қодирбеков ва Замирбек Мамасадиқов ба баррасии умум пешниҳод кардаанд.
Дар лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки ба раиси пешини порлумон унвони якумрӣ дода шавад. Тибқи лоиҳа, ин унвон танҳо дар сурати ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ нисбат ба раиси пешин бекор мешавад.
Бино ба лоиҳаи қонун, раиси порлумони Қирғизистон ва баъди рафтан аз кор низ ҳамроҳи ҳамсараш аз хидматрасонии ройгони тиббӣ, шиносномаи дипломатӣ, истифодаи ройгони толори фурудгоҳ, истгоҳҳои роҳи оҳан бархурдор хоҳад буд.
Порлумони Қирғизистонро дар замони истиқлолаш 21 кас раҳбарӣ кардааст. Раиси порлумони кунунии Қирғизистон Нурлан Шакиев аст.