Ссылки доступа

Боздошти сокини Бишкек бо гумони паҳн кардани порнографияи кудакона


Пулиси шаҳри Бишкек мардеро боздошт кардааст, ки дар паҳн кардани порнографияи кудакона муттаҳам мешавад.

Хадамоти матбуотии пулиси пойтахти Қирғизистон иттилоъ дода, ки ин мард, соли таваллудаш 1989, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Норвегия ва Нидерландия дастгир шудааст.

“Далелҳои нигаҳдорӣ ва паҳн кардани маводи дорои хусусияти озори ҷинсии кудакон тавассути вебсайтҳо ошкор карда шуданд. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки таҳия ва паҳн кардани чунин мавод тавассути сомонаҳо дар қаламрави Қирғизистон идома дорад", - афзудааст манбаъ.

Зидди боздоштшуда бо банди “Шарикӣ дар ҷалби кудакон ба тиҷорати порнография” парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

XS
SM
MD
LG