Ссылки доступа

Ба узбекистониҳо гуфтанд, тадобири амниятӣ дар Туркия пурзӯр шудааст


Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Истамбул хабар додааст, ки маъмурони умури дохилии Туркия санҷишро дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар пурзӯр кардаанд.

"Санҷиши шаҳрвандони 20-35-солаи хориҷӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Истамбул сахттар шудааст. Ҳолатҳои бозпурсии мусофирон ва санҷиши телефонҳои мобилии онҳо низ мушоҳида мешавад", - гуфтааст консулгарӣ.

Ҳамчунин шахсони гумонбар ба терроризм, қочоқи инсон ва ҷиноятҳои дигар ё онҳое, ки молҳои мамнуъро ворид месозанд, “мусофирони номатлуб дар Туркия” шумурда шуда, ба ватанашон баргардонида мешаванд.

Ба иттилои консулгарӣ, танҳо дар моҳҳои январ ва феврали имсол 163 шаҳрванди Узбекистон ба Туркия роҳ дода нашудаанд. Тавре маълум шудааст, 54 тани онҳо қаблан дар Туркия ба қонуншиканӣ даст задаанд.

Консулгарӣ аз узбекистониҳои муқими Туркия даъват кардааст, ки қонунҳои кишвари иқоматро риоя кунанд.

XS
SM
MD
LG