Ссылки доступа

Мақомоти Фаронса таваҷҷуҳ ба зодагони Осиёи Марказиро "зиёдтар" кардаанд


Сомонаи родиёи Europe 1 дар Фаронса рӯзи 28 март хабар дод, ки як ҳафта баъди теракт дар Маскав мақомоти Фаронса аз эҳтимоли терактҳо дар он кишвар нигарон буданд.

Дар хабар омада буд, мақомоти зидди иктишофии Фаронса талош дошранд, ки аз сар задани терактҳо дар рӯзи кушодашавии Бозиҳои олимпӣ пешгирӣ кунанд ва тасмим гирифтанд, таваҷҷуҳи асосиро ба зодагони Осиёи Марказӣ равона созанд.

"Давоми ҳафтаи охир миёни онҳое, ки таҳти таваҷҷуҳ ҳастанд, зодагони Осиёи Марказӣ бисёр буданд", - омадааст дар хабари Europe 1 бо такя ба мақомоти махсус. Родио менависад, мақомоти иктишофии Фаронса тасмим гирифтааст, таваҷҷуҳро ба шаҳрвандони Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон равона кунад.

Баъди ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав, мақомоти Фаронса рӯзи 24 март гуфтанд, сатҳи хатари террористиро ба болотарин нуқта расонидаанд.

XS
SM
MD
LG