Ссылки доступа

Дар ҳамлаи дронҳо ба иншооте дар Тотористони Русия як қирғизистонӣ ҷароҳат бардоштааст


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи дронҳо ба иншооте дар шаҳри Елабуги ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди 17-солаи Қирғизистон маҷруҳ шудааст. Дар ин бора аз вазорат рӯзи 2 апрел хабар доданд.

Ба иттилои вазорат, ҷароҳати қирғизистонӣ сатҳи миёна баҳо дода мешавад.

Дар ин вазорат гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаҳои дронҳо дар маҷмуъ 6 кас зиён дидааст.

Ҳамлаи дронҳо ба иншооте дар Тотористон рӯзи 2 апрел сурат гирифт. Хабаргузориҳо навиштанд, дронҳо асосан бинои яке аз корхонаҳои саноатиро ҳадаф қарор додаанд. Манобеи дигар гуфтанд, дронҳо ҳамчунин ба хобгоҳи ин корхонаи саноатӣ ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG