Ссылки доступа

"Халиқ Бонк" хидматрасонии кортҳои русии "Мир"-ро қатъ кардааст


"Халиқ Бонк" (Halyk Bank)-и Қазоқистон хидматрасонии кортҳои бонкии русии "Мир"-ро қатъ кардааст.

Масъулони маркази тамоси бонк бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки хидматрасонии кортҳои "Мир" аз 27 феврал қатъ карда шудааст.

Хабаргузории қазоқии "Казинформ" иттилоъ дод, ки бо кортҳои "Мир" на аз банкоматҳо ва на аз "POS-терминалҳои бонк дигар пул гирифта намешавад". Сабаби ин маҳдудият гуфта нашудааст.

Чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Қирғизистон ҳам аз 5 апрел хидматрасонии кортҳои бонкии русии "Мир" қатъ мешавад.

Пештар хидматрасониро ба кортҳои "Мир" қариб ҳамаи бонкҳои Арманистон, қисман бонкҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Туркия, ҳамчунин низомҳои Samsung Pay ва Apple Pay қатъ карда буданд.

Олга Скоробогатова, муовини раиси Бонки марказии Русия гуфт, Бонки марказӣ роҳҳалҳои хидматрасонӣ ба кортҳои "Мир"-ро дар хориҷ аз Русия ҷустуҷӯ дорад.

XS
SM
MD
LG