Ссылки доступа

Се муҳоҷири тоҷикро барои як умр аз Русия ихроҷ карданд


Мақомоти Русия се муҳоҷири тоҷикро аз ҳаққи сафар ба кишварашон якумрӣ маҳрум карданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд, ба воситаи Қазоқистон вориди Русия шаванд.

Онҳо, ки нахостанд, номашон расонаӣ шавад, гуфтанд, субҳи 2-юми апрел ҳангоми тафтиш дар гузаргоҳи марзии байни Русия ва Қазоқистон бо "Караозек" марзбонони рус бе ягон шарҳ дар шиносномаашон муҳри ихроҷ задаанд.

“Мо сабаб пурсидем, вале шарҳ надоданд. Гуфтанд, баҳс накунед, ки ҳоло боздошт мекунем. Шиносномаҳоямонро пас аз чанд соат интизорӣ доданд ва мо ҳоло дар роҳ ба сӯи Узбекистон ҳастем,”—гуфтанд онҳо.

Ин муҳоҷирон мехостанд бо гузаштан аз марз муҳлати будубоши худро дар Русия, ба истилоҳ, "нав" кунанд.

Дар пайи ҳамла ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” фишор болои муҳоҷирон афзоиш ёфтааст ва бодалел ё бедалел бархе аз онҳоро ихроҷ мекунанд.

Дар Русия пас аз ҳамлаи маргбори рӯзи 22-юми март фишор болои муҳоҷирони тоҷик бештар шудааст. Мақомоти рус гумонбарони ин ҳамларо шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон номидаанд. Ҳарчанд, гуноҳи ин афрод исбот нашудааст, вале зери таблиғи густардаи расонаҳо рӯҳияи зиддитоҷикӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Тоҷикони ронандаи таксӣ мегӯянд, аксари муштариён аз хидматрасонии онҳо даст кашидаанд ва аз ихроҷи даҳҳо муҳоҷири дигар ба ватан гузориш шуд.

Як муҳоҷири тоҷик рӯзи 3-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта аз тариқи фурудгоҳи Шерметово ба ватан баргашт, вале ӯро ба мӯҳлати даҳ сол аз Русия ихроҷ кардаанд.

“Ман гуфтам, ки чаро ин хел кардед, ман худам ба ватан рафта истодаам. Гуфтанд, ки рав ва даҳ сол истироҳат кун. Дигар шарҳе надоданд,”—гуфт ӯ.

Дар кӯчаву хиёбон ва ҷои кор кормандони пулис муҳоҷиронро боздошт мекунанд. Бархеро ҷарима ва бархеро ихроҷ мекунанд. Валентина Чупик, ҳомии муҳоҷирон мегӯяд, дар ин замон бояд муҳоҷирон эҳтиёткор бошанд ва беҳуда ба кӯча набароянд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Ҳамлаи маргбори рӯзи 22-юми март, ки дар он чанд тоҷикро гумонбар донистаанд, кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикро сахт кардааст.

XS
SM
MD
LG