Ссылки доступа

Эътирофи шиканҷа дар зиндоне Қазоқистон


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки 11 корманди зиндони шаҳри Жезказган маҳбусонро шиканҷа кардаанд.

Мақомоти додситонии Қазоқистон таҳқиқи парвандаи кормандони зиндон ва як қисми низомии Горди миллии он кишварро ба поён расонидааст.

Ба иттилои додситонӣ, ҳафт корманди зиндон ва чаҳор низомӣ, дар маҷмуъ 11 кас, "бо ҳадафи таҳқири зиндониён, тавассути роҳҳои тарс додан ва истифодаи хушунат нисбати 11 зиндонӣ шиканҷаро раво дидаанд".

Гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Парвандаи онҳо 26 март ба додгоҳ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG