Ссылки доступа

Омбудсмени Қирғизистон осори латтукӯбро дар бадани рӯзноманигори боздоштшуда тасдиқ кард


Кормандони Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон баъди изҳороти мудири тарҳҳои "Temirov Live" ва "Айт айт десе" дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гуфт, рӯзноманигор Маҳабат Тожибек қизиро дар боздоштгоҳи муваққатӣ латтукӯб кардаанд, ба "СИЗО-1" рафтаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ваколатдор, кормандони ин ниҳод бо раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатӣ ва заноне, ки гуфта мешавад, латтукӯб шудаанд – М. Тажибек қизӣ, Н. Қудойбергенова ва К. Аранова мулоқот карданд.

"Аз суханони занҳо бармеояд, кормандони боздоштгоҳ 5 апрел аз Қудойбергенова талаб кардаанд, ки бо ашёи худ аз утоқ берун шавад, то ӯро ба дигар утоқ баранд, вале боздоштшуда ин талабро иҷро накардааст. Дар натиҷа зидди ӯ аз неру истифода шудааст", - афзудааст манбаъ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар бадани Маҳабат Тожибек қизӣ осори латтукӯб дида шудааст.

Хадамоти матбуотии ваколатдор иттилоъ дода, ки додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса тафтишро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG