Ссылки доступа

Қирғизистон гумонбарони сӯиқасд ба роҳбарони ин давлатро ба Озарбойҷон фиристод


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаҳрвандони озарбойҷониеро ба он давлат истирдод кард, ки пештар аз сӯи мақомоти Қирғизистон аъзои гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ унвон шуда буданд.

Шаҳрвандони Озарбойҷонро 22 март дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт карда буданд. Дар маҷмуъ 5 кас боздошт шуда буд. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, онҳо 20 март вориди Бишкек шуда ва ҳадафи тақвият додани таъсири ҷиноиро доштанд.

"Муайян карда шуд, ки ин афрод дар воқеъ бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доранд ва бо назардошти он ки ин афрод барои шаҳрвандони Қирғизистон хатар эҷод мекунанд, рӯзи 7 апрел ба Озарбойҷон истирдод шуданд", - хабар додааст КДАМ Қирғизистон.

Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, озарбойҷониҳои боздоштшуда бо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов робита доранд. Ба илова, КДАМ Қирғизистон хабар дода буд, ки аъзои боздоштшудаи гуруҳи ҷиноӣ ба ҷони роҳбарони Қирғизистон сӯиқасд омода мекарданд.

XS
SM
MD
LG