Ссылки доступа

Муҳоҷири қирғиз гуфтааст, ӯро иҷборан ба ҷанги зидди Украина мебаранд


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон боздошти шаҳрванди 20-солаи ин кишвар Нурмуҳаммад Токобоевро дар шаҳри Маскави Русия бо гумони фурӯши маводи мухаддир шарҳ дод.

Вазорат дар вокуниш ба суханҳои модари Токобоев хабар дода, ки ин шаҳрванди Қирғизистон дар Русия бо гумони "Ғайриқонунӣ истеҳсол, нигаҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир" дастгир карда шудааст.

"Хабари иҷборан сафарбар шудани шаҳрванди Қирғизистон ба ҷанги зидди Украина тасдиқи худро наёфт", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Қаблан модари Токобоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш мегӯяд, ӯро баъди боздошт мехоҳанд ба ҷанги зидди Украина баранд.

Ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1,5 ҳазор қирғизистонӣ дар маҳбасҳои кишварҳои хориҷӣ адои ҷазо мекунанд. Аз ҷумла, дар зиндонҳои Русия 1167 шаҳрванди Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. Бештари онҳо бо гумони қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG