Ссылки доступа

Қазоқистон ҷазо барои хушунати хонаводагиро сангинтар кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонунеро имзо кард, ки ҷазо барои ҳамагуна хушунат алайҳи занон ва кудаконро сангинтар мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро палатаи поёнии порлумони Қазоқистон 28 феврали имсол қабул карда буд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, барои кудакозорӣ ва куштори кудакон ҳабси якумрӣ пешбинӣ шуда, ҷазо барои расонидани зарари сабук, миёна, вазнин ба саломатӣ ва шиканҷа сахтар гаштааст.

Дар қонун барои қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ ҷарима дар ҳаҷми то 164 доллар, то 200 соат корҳои ҷамъиятӣ ва ё то 50 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Бино ба оморҳои расмӣ, бисёре аз занон дар Қазоқистон аз сӯи ҳамсарон ва ё ҳамхонаҳои худ хушунат мебинанд. Пулиси он кишвар ҳамасола бештар аз 100 ҳазор шикоят аз хушунат нисбати занон дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG