Ссылки доступа

Рӯзноманигор қазоқ Муҳаммадкарим дубора гуруснанишинӣ эълом кардааст


Рӯзноманигори қазоқистонӣ Думан Муҳаммадкарим, ки бо айби "маблағгузории тундгароӣ" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" дар боздоштгоҳи шаҳри Толдиқурғон нигаҳдорӣ мешавад, дубора гуруснанишинӣ эълом кардааст.

Вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов гуфт, 13 апрел бо шахси зери ҳимояаш мулоқот кардааст ва Муҳаммадкарим аз ҳамон рӯз дар эътироз ба таъхиркориҳо дар рафти тафтишот ва баррасии парвандааш гуруснанишинӣ эълом кардааст.

"Баъди ду моҳ як сол мешавад, ки ӯ боздошт шудааст ва баррасии парвандааш ҳанӯз ҳам ба поён нарасидааст", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Рӯзноманигори боздоштшудаи қазоқ бори чандум аст, ки дар эътироз ба поймолшавии ҳуқуқҳояш гуруснанишинӣ эълом мекунад.

Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG