Ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ ва дигар рӯйдодҳои солҳои ахир бозсозии геополитикиро дар минтақа тезонидаанд. "Кишварҳо ба ду сангари муқобил тақсим шудаанд: онҳое, ки ба озодиву тартиботи демократӣ содиқанд ва онҳое, ки инҳоро рад мекунанд", - омадааст дар гузориш.
Рейтинги демократия дар як соли ахир якбора дар 10 кишвари минтақа коҳиш ёфта, танҳо дар 5 кишвар беҳтар шудааст. "Лаёқат надоштани минтақа"-ро ба тақвияти демократия коршиносон ба роҳбарони худкомаву зиддидемократӣ рабт медиҳанд.
Freedom House Озарбойҷон, Белорус, Русия ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба "низомҳои муттаҳидшудаи худкома" рабт додааст. Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Маҷористон, Украина - дар маҷмуъ 11 кишварро ин созмон ба "низомҳои транзитӣ ва ё гибридӣ" шомил сохтааст.
Дар радабандии имсолаи Freedom House ё "Хонаи Озодӣ" дар мавриди ҳуқуқи инсон ва демократия, Тоҷикистон ҳамагӣ 1 хол гирифта, як зина болотар аз Туркманистон ҷой дорад. Баҳои баландтарин дар гузориш 7 аст.