Ссылки доступа

Як вакили порлумони Қирғизистон аз мандати худ даст кашид


Вакили порлумони Қирғизистон Эмилбек Ҷусупов 20 апрел аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар дархост карда, ки мандати вакилияшро пеш аз муҳлат қатъ кунад.

Намояндагони комиссия Абдижапар Бекматов ва Акбалик Жумалиева ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дархости вакил дар ҷаласаи оянда баррасӣ мешавад.

Ҷусупов соли 2021 аз ҳисоби Ҳизби "Ишеним" ба порлумони Қирғизистон роҳ ёфта буд.

Қаблан даҳҳо сокини Қирғизистон гуфтанд, ба ширкати сохтмонии "Эмаком", ки аз сӯи Ҷусупов таъсис шудааст, пул додаанд, вале хонаҳои ваъдашударо нагирифтанд. Худи вакил гуфт, дар ҳоли ҳозир ширкат ба ӯ тааллуқ надорад.

Мелис Ҷусупов, бародари Эмилбек Ҷусупов моҳи ноябри соли 2023 раиси ширкати "Эмаком" таъйин шудааст. Пулиси Қирғизистон гуфт, зидди ӯ бо гумони "Қаллобӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG